СЕМИНАР: НАҚШИ ОЛИМОНИ ТОҶИК ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ
Дар факултети технологияҳои рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик семинари илмӣ дар мавзӯи «Нақши олимони тоҷик дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баргузор гардид.
Дар оғози семинар муовини декан оид ба таълим З. Раҳимзода омӯзгорон, магистрантон, докторантон (PhD) ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик самимона табрику таҳният намуда, доир ба мавзӯи семинар баромади пурмуҳтаво ироа кард. Ӯ дар суханронии худ ба саҳми арзишманди олимони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи илм ва татбиқи дастовардҳои он дар ҷомеаи муосирро таъкид кард.
Дар идомаи семинар мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ С. Ғуломнабиев, мудири кафедраи иқтисодиёти рақамӣ М. Усмонова, мудири кафедраи идораи молия Ш. Оқилҷонова, муовини декан оид ба таълим З. Раҳимзода З.Р. ва муовини декан оид ба тарбия М. Алиназарова бо маърӯзаҳои мухталиф, ҷолибу судманд баромад карданд.
Ҳамзамон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд ва дар муҳокимаи мавзӯъҳои пешниҳодшуда саҳм гузоштанд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои мубрами рушди илм, татбиқи технологияҳои рақамӣ, такмили раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсил мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Семинар дар фазои созандаи илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, барои таҳкими фаъолияти тадқиқотӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии омӯзгорон, магистрантон, докторантон ва донишҷӯён саҳми назаррас гузошт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО